30-юми июл дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири неруи Эрон Алиакбар Меҳробиён вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳамкории кишварҳо дар соҳаи энергетика табодули афкор карданд.
Таҳкими равобити дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи энергетика муҳим арзёбӣ гардида, ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо изҳори ҳавасмандӣ зоҳир гардид.