Баррасии дурнамои ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия

1-уми август вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири навтаъини энергетикаи Федератсияи Россия Сергей Сивилёв тариқи маҷозӣ мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, дар доираи корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Россия – Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамроҳшавии Россия ба Созишнома дар бораи кори мувозии низомҳои энергетикии Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд. Сергей Сивилев гуфт, ки ин иқдом имкон медиҳад, ки ҳамкории Россия бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ўзбекистон дар соҳаи энергетика густариш ёбад.

Изҳори итминон гардид, ки кишварҳо дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро минбаъд низ густариш хоҳанд дод.