3-юми августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе (меҳмонхонаи “Ҳилтон”) Ҷаласаи 7-уми Гурӯҳи кории муштарак оид ба истифодаи комплексии захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар кори он Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шавкат Ҳамраев, вазири хочагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳайатҳои ҷонибҳо ширкат варзиданд.
Зимни вохӯрӣ омӯзиши масъалаи истифодаи захираҳои оби кӯли Сарез барои эҳтиёҷоти нӯшокии Ӯзбекистон ва кишварҳои минтақа, имконияти татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки фаромарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи хоҷагии об мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Изҳори бовар карда шуд, ки дар оянда низ ҳамкориҳо миёни кишварҳои бо ҳам дӯст – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, дар соҳаи захираҳои об тавсеа ва тақвият меёбад.