Иштирок дар Вохӯрии якуми вазирони энергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ

6-уми август вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Вохӯрии якуми вазирони энергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки таҳти раёсати вазири энергетикаи Қазоқистон Алмасадам Сакталиев дар шаҳри Остона баргузор гардид, иштирок намуд.

Далер Ҷумъа зимни суханронии худ иброз дошт, ки бо мақсади пурзӯр намудани эътимоднокии кори низоми энергетикии минтақа дар марҳилаи ҷорӣ лоиҳаи “Азнавпайвастшавии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ” амалӣ гардида истодааст. Дар доираи он аввали моҳи июни соли равон низоми энергетикии қисми ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст гардид.

Дар мулоқот даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамкориҳо ҷиҳати васеъ кардани имкониятҳои савдои захираҳои энергетикӣ, инчунин ба роҳ мондани рушди бахши камкарбон, ноил шудан ба бетарафии карбон ва гузариши марҳилавии энергетикӣ тақвият дода шаванд.

Пас аз натиҷаҳои мулоқот, роҳбарони ниҳодҳои энергетикии Осиёи Марказӣ коммюнике (созишнома) ба имзо расонданд, ки барои ҳамкории минбаъдаи муваффақона дар тамоми самтҳои калидии байни кишварҳо замина мегузорад.

2 thoughts on “Иштирок дар Вохӯрии якуми вазирони энергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ

Обсуждение закрыто.