Баррасии рафти иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар барои муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”

7-уми август таҳти раёсати муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода оид ба таъмини иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар барои муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ҷаласаи корӣ баргузор гардид. 

Зикр гашт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Вазорати энергетика ва захираҳои об 146 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сабт шудааст.

Бо мақсади сари вақт ва дар муҳлати муқаррарнамудаи Қонун баррасӣ ва пайгирӣ кардани муроҷиатҳои воридгашта ба масъулон дастурҳои мушаххас дода шуд.