18-уми августи соли 2024, ВМКБ. – Вазири энергетика ва захирахои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар рафти сафари корӣ ба ВМКБ аз иншоотҳои энергетикии сохташавандаи ин минтақа дидан кард.
Сафари гурӯҳи кории Вазорат аз маҳалли сохтмони зеристгоҳи 110/35/10 кВ дар мавзеи Ҷангалаки ноҳияи Рӯшон оғоз ёфт. Зимни шиносоӣ ба сифат ва суръати корҳои иҷрошуда диққати махсус равона гардида, оид ба иҷрои сифатноки корҳо ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки сохтмони зеристгоҳи 110/35/10 кВ, ки моҳи майи соли ҷорӣ аз ҷониби ҶСП «Бадахшон ТАДЕС» оғоз шуда буд. Хатти интиқоли барқи баландшиддат имконият медиҳад, ки аз шабакаи марказии шахри Хоруғ муштариёни ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шаванд. Ин боиси коҳиш додани сатхи талафоти неру барқ ва беҳтар гардидани сифати он мегардад. Дар оянда ин зеристгоҳ ҳамчунин имкон медиҳад, ки неруи барқ ба зеристгоҳи 110 кВ «Даштак»-и ноҳияи Ванҷ, ки аллакай фаъол аст, интиқол дода шавад.
Ба истифода додани ин иншооти муҳими энергетикӣ то охири моҳи октябри соли ҷорӣ дар назар аст.
Нимаи дуюми рӯз вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз мавзеи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 МВт дар ноҳияи Роштқалъа боздид ба амал овард.
Қайд гардид, ки дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар бинои асосии неругоҳ ва сарбанди он, ҳамчунин хобондани қубурҳои обгузар қад-қади шоҳроҳи марказӣ бомаром идома доранд.
Тавре иттилоъ дода шуд, НБО “Себзор” на танҳо барои ноҳияи Роштқалъа, балки барои тамоми вилоят хеле зарур мебошад, чунки ба туфайли он вазъияти барқтаъминкунии сокинони вилоят дар ҳамаи фаслҳои сол куллан беҳтар хоҳад гашт.
Вазири энергетика ва захираҳои об вобаста ба аҳамияти ин иншооти энергетикӣ иброз дошт, ки сохтмони ин иншоот дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. НБО “Себзор”, на танҳо сатҳу сифати таъминоти барқро дар вилоят куллан беҳтар менамояд, балки барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.