Имзои Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон

22-юми августи соли 2024, Душанбе. – Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ ба имзо расид.

Имзои ҳуҷҷати мазкур, ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи мавриди назар боз ҳам тавсеа мебахшад.