23-юми август, Душанбе. – Таҳти раёсати вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо иштироки роҳбарону намояндагони соҳаи энергетикаи кишвар дар «Маркази барқу гармидиҳии-2»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи Ситоди зимистонгузаронӣ баргузор гардид.
Дар кори он рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Барои бе мушкилот сипарӣ намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 аз масъулони ҶСК “Барқи Тоҷик”, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ, марказҳои барқу гармидиҳии – 1 ва 2-и шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳо ҷоннок намудани фаъолият тақозо карда шуд.
Дастур дода шуд, ки истеҳсол ва интиқоли энергияи барқу гармӣ, дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 мувофиқи нақшаи таъмин карда шавад.