25-уми августи соли 2024, Стокҳолм. – Дар пойтахти Шоҳигарии Шветсия Ҳафтаи ҷаҳонии об ифтитоҳ гардид.
Дар доираи ин чорабинии бошукӯҳ Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Гӯшаи намоишии худро ташкил намуд, ки дар он ташаббусҳои глобалии кишвар, таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи об, захираҳои бойи гидроэнергетикии мамлакат ва натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (10-13 июни соли 2024, Душанбе) муарифӣ гардид.
Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур то 29-уми август идома меёбад.