27-уми августи соли 2024, Стокҳолм. – Дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии об Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Панели сатҳи баланд оид ба нақши об дар равандҳои глобалӣ иштирок намуд.
Ин чорабинӣ ба ташкили платформа барои ҳамкории байнисоҳавӣ ва ташкили шарикӣ, ки ба нигоҳ доштани динамикаи рушди захираҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад, равона шудааст.
Ҷаласа ба масъулияти умумӣ, роҳбарӣ ва ҳамкории наздиктари байнисоҳавӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ тамаркуз кард.
Вазир зимни суханрониаш аҳамияти ташаббусҳои глобалии Тоҷикистонро марбут ба об таъкид намуда, қайд кард, ки кишвар дар талошҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли масъалаҳои об фаъолона иштирок мекунад.
Инчунин, Далер Ҷумъа вобаста ба аҳамияти Конфронси оби СММ – 2026 ва зарурати татбиқи уҳдадориҳои дар доираи конфронс қабулшударо дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ ибрози назар кард.