27-уми август, Ню-Йорк. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар ҳошияи ҷаласаи дуюми Шурои иҷроияи Барномаи рушди СММ/Хазинаи нуфуси СММ/Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба хизматрасонии лоиҳаҳо дар муколамаи сатҳи баланд оид ба энергетикаи устувор барои рушд иштирок намуд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон аз дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар пешбурди ташаббусҳои энергияи «сабз»-и Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба идомаи ҳамкории минбаъда барои таҳкими нақши бахши хусусӣ дар пешбурди технологияҳои «сабз» даъват намуд.
Ҷонибек Ҳикмат инчунин аҳамияти тавсеаи дастрасӣ ба маблағгузории «сабз»-ро таъкид намуда, аз дигар кишварҳо табодули таҷрибаи пешқадамро оид ба маблағгузории лоиҳаҳои энергияи барқароршаванда дархост намуд.