МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ҷамъомади омӯзишӣ доир гашт

29-уми августи соли 2024, Душанбе. – Дар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ дар доири Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 бо иштироки Ғолиб Убайдуллозод, сардори Хадамот, Хусрав Рамазонзода, сардори раёсати ҳуқуқи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алихон Розиқзода, сарнозири раёсати мубориза бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бурҳониддин Аминов, мутахассиси пешбари Кумитаи танзими анъана ва ҷашну маросим, Фурқат Шукуров, сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Агентии хизмати давлатӣ ва ҳайати васеи кормандон ҷамъомади омӯзишӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро Ғолиб Убайдуллозода оғоз намуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии кормандон дар самти муқовимат ба коррупсия, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ба ҳисоб меравад.

 

Сипас, Алихон Розиқов зимни суханронии худ вобаста ба заминаҳои ҳуқуқии сиёсати зиддикоррупсионӣ ва тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт баромад намуда, аз ҷумла, чунин иброз дошт: “Пас аз ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсия бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат ва муборизаи бевосита бо коррупсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба раванди муқовимат ба он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.  Ин мақомот дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсону шаҳрванд, инчунин ҷамъияту давлат аз коррупсия, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия, ҳамкорӣ бо қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия чорабиниҳои муҳим таҳия ва дар амал татбиқ намуда, ин ҷараён имрӯз низ бо иқдомоти наве идома ёфта истодааст.

Тайи ин солҳо як қатор қонунҳо, аз ҷумла,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, №1714 ва се стратегия рӯйи кор омад, ки барои муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвар заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштанд”.

Инчунин, моддаҳои кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ, ки ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нигаронда шудаанд, мавриди тафсир гардиданд.

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” табиати сирф миллӣ дошта, барои рушди ҷомеа, танзими ҳаёту фаъолияти ҳар як сокини мамлакат, пешгирии хурофоту шуҳратпарастӣ, зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронда шудааст. Таҳлили баргузории ҷашну маъракаҳо собит намуд, ки ғолиб омадани ҳирси манманӣ, худнамоӣ ва тақлидкорӣ тадриҷан ба манбаи хатари азим ба иқтисодиёти оила ва ҷомеа мубаддал гардида буданд. Ҳадаф аз танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, агар ба низом даровардани иқтисодиёти оилаҳо бошад, аз дигар ҷониб, дар меҳвари давлатсозӣ ва якдигарфаҳмӣ сарҷамъ намудани мардум аст, – гуфт Бурҳониддин Аминов.

Мавсуф бо мисолҳои мушаххас оид ба исрофкорӣ кардани баъзе сокинон зимни баргузории маросимҳо ибрози назар намуда, даъват ба амал овард, ки маъракаҳо бояд дар доираи муқаррароти қонун сурат гиранд. Инчунин, меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба таври муфассал шаҳру тавзеҳ дод.

Сипас, Фурқат Шукуров ба сухан баромада, нуктаҳои муҳими Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъ иштирокдорон расонда, онҳоро тафсир намуд.

Дар охир Хусрав Рамазонзода иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ барои тамоми самтҳо фароҳам оварда шудааст. “Аз ин рӯ, мо зарур аст, ки барои расидан ба саодати миллӣ зиндагӣ ва кору фаъолиятамонро дар доираи қонун ба роҳ монем”.