Пешвои миллат пас аз таҷдид чархаи чоруми НБО “Норак”-ро ба истифода додан

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Норак ташриф оварданд.
Боздиди Сарвари давлат бо шиносоӣ бо рафти навсозии неругоҳи Норак ва баъди таҷдид ба истифода додани агрегати чорум оғоз ёфт.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои таҷдиду навсозии неругоҳи обии “Норак” соли 2019 оғоз гардида, барои анҷоми корҳо маблағи умумии 35 миллиону 193 ҳазор евро равона карда шуд.
Иқтидори тавлиди гидроагрегати чоруми неругоҳ баъди навсозӣ дар як шабонарӯз ба 8 миллиону 266 ҳазору 519 кВт/соат неруи барқ мерасад.
Агрегати навсозшуда бо пахши тугма аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуда, кори боэътимоди агрегат бо гузоштани танга дар болои он ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон супориш доданд, ки дар доираи лоиҳа корҳои навсозии дигар агрегатҳо ва таҷҳизоти техникиро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.
Айни ҳол марҳилаи якуми корҳои навсозӣ дар неругоҳ идома дошта, дар доираи он таҷдиди 3 гидроагрегати дигари неругоҳ, таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасони он, ивазнамоии 27 крани борбардор, навсозии 3 ҳалқаи барқии комплекси зеризаминӣ, ивази лифтҳо, таъмири дарбандҳои бефи поён, таҷдиди дарбандҳои куравӣ, навсозии стансияҳои насосии неругоҳ, таҷдиди системаи идора ва назорат ба анҷом расонида шуда, дар маҷмуъ неругоҳи Норак тақрибан мавриди навсозии куллӣ қарор хоҳад гирифт.
То имрӯз дар доираи лоиҳа ба ғайр аз пурра навсозӣ гардидани ду гидроагрегати неругоҳ ҳамзамон дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 ва 500 кВ (киловолт) ба дастгоҳи тақсимоти пушидаи элегазӣ иваз карда шуд ва анҷоми ин тадбир сифати истеҳсол ва хизматрасониро беҳтар гардонидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар инҷо бо раванди корҳои иҷрошуда дар дарбанди куравии гидроагрегати рақами 4 шинос шуданд.
Дарбанди куравӣ қисми асосии гидроагрегат ба ҳисоб рафта, ҳангоми кушодани он об вориди камераи спиралӣ мегардад ва ба воситаи чарха гидроагрегат ба даврзанӣ медарояд.
Ҳоло дар иншоот корҳои омодагӣ барои навсозии гидроагрегати навбатӣ бо ҷалби корман дону мутахассисони ширкати “Андритс” ва зерпурдратчии он Ҷамъияти саҳомии кушодаи “ТоҷикСГЭМ” идома дорад.
Ғайр аз ин дар неругоҳ корҳои навсозӣ дар дастгоҳҳои гидромеханикии иншооти гидротехникӣ, ивазнамоии автотрасформаторҳо ва назорати сарбанд аз тарафи ширкатҳои дохилию хориҷӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки гидроагрегати якуми неругоҳ баъд аз навсозӣ 24 октябри соли 2022 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда буд ва ҳоло бо иқтидори 375 МВт фаъолият дорад.