АЗ СОР 28 ТО СОР 29

29-уми августи соли 2024, Стокҳолм. – Дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии об таҳти унвони “Аз Конфронси 28-уми тағйирёбии иқлим (СОР 28) то Конфронси 29-уми тағйирёбии иқлим (СОР 29)” чорабинӣ баргузор шуд. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи мазкур бо суханронии ҷамъбастӣ баромад кард.

“Тоҷикистон дар сафи пеши баррасии мушкилоти об дар арсаи байналмилалӣ қарор дорад. Кишвари мо пайваста барои баланд бардоштани аҳамияти захираҳои об дар рӯзномаи иқлимӣ кӯшиш менамояд ва равиши ҳамгирошудаи глобалиро ҷонибдорӣ менамояд, ки ба рушди устувор мусоидат мекунад”, – таъкид кард вазир.

Далер Ҷумъа изҳори қаноатмандӣ кард, ки ҷониби озарбойҷонӣ низ дар доираи конфронси навбатии тағйирёбии иқлим (СОР 29 ) ба масъалаҳои об аҳамияти хоса зоҳир менамоянд. Вай аз ҳамаи ҷонибҳо даъват кард, ки фаъолона ҳамкорӣ намоянд ва ҷонибдории Тоҷикистонро ба таҳияи рӯзномаи муваффақи оби СОР 29 тасдиқ кард.

– Бо наздик омадани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (соли 2025) Тоҷикистон нақша дорад, ки дар доираи СОР29 чорабинии сатҳи баландро дар сатҳи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо баргузор намояд. Ҳадафи ин чорабинӣ ҷалби таваҷҷуҳ ба таҳдиди бесобиқаи обшавии пиряхҳо – яке аз оқибатҳои ҷиддии тағйирёбии иқлим мебошад.