28-уми августи соли 2024, Стокҳолм. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии оби дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе иштирок намуд. Зимни он натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланди Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки дар доираи Раванди оби Душанбе 10-13-уми июни соли 2024 бомуваффақият барпо гашт, баррасӣ гардид.
Дар чорабинӣ, инчунин муҳокимаи стратегӣ ва табодули афкор оид ба сохтор, ҳадафҳо ва вазифаҳои имконпазири Конфронси чоруми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки соли 2026 доир хоҳад шуд, сурат гирифт.
Аъзои Кумитаи байналмилалии машваратӣ қайд карданд, ки Раванди оби Душанбе, аз ҷумла ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон ба ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об ва таҳияи қарору тавсияҳои инноватсионӣ дар соҳаи захираҳои об ва иқлим нақши муҳим мебозанд.
Конфронсҳои оби Душанбе холигии рӯзномаи ҷаҳонии обро ба шарофати талошҳои шарикӣ ва қобилияти Тоҷикистон барои даъват кардани конфронсҳои муҳимтарини об дар сатҳи ҷаҳонӣ пур карданд, хусусан вақте ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тақрибан ним аср баргузории Конфронси СММ оид ба захираҳои об, ки соли 2023 таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерландия баргузор шуд, интизор шуданд.
Таъкид гардид, ки Раванди оби Душанбе бояд ҳамчун платформаи бисёрҷониба барои баргузории конфронсҳои гуногуни оби СММ дар оянда низ истифода бурда шавад. Инчунин, бо назардошти муҳимияти Раванди оби Душанбе, ҳамчун мақомоти анъанавии низоми СММ, бояд раванди рӯзномаи обро дар конфронсҳои иқлимии СММ (СОР) ташкил, роҳбарӣ ва тақвият диҳад ва майдони ҳамоҳангсозии рӯзномаи оби СОР-ро таъмин кунад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласа аъзои Кумитаи байналмилалии машваратӣ, ки қариб ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон, институтҳои СММ, институтҳои молиявӣ ва академӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро намояндагӣ мекунанд, иштирок карданд.