1-уми сентябри соли 2024, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бахшида ба Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи миллии тадқиқотии “Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе” иштирок ва суханронӣ намуд.
Нахуст, суханронии Асосгуз ори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш дастаҷамъона тамошо карда шуд.
Сипас, вазир устодон ва донишҷӯёни Донишкадаро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарорасии соли нави таҳсил самимона шодбош гуфта, иброз дошт: “Таҷлили Рӯзи дониш на танҳо рамзи оғози соли таҳсил балки як лаҳзаи муҳим барои муттаҳидсозии хонандагону донишҷӯён, волидон ва омӯзгорон ба ҳисоб меравад.
Баргузории дарси сулҳ дар замони мо аҳамияти махсус касб кардааст. Зеро мо дар замони душвору пуртазод зиндагӣ мекунем ва арзиши сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ бояд барои ҳар яки мо аз ҳама бештар афзалият дошта бошанд”.
Таъкид гардид, ки дар татбиқи сиёсати маорифпарварони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нақши назаррас дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе наздики 400 донишҷӯ таҳсил менамоянд. Аз ин теъдод, 84 нафар дар соли нави таҳсил ба Донишкада қабул шудаанд.
Дар охир, маросими тақдими билетҳои донишҷӯӣ аз љониби Далер Ҷумъа ва директори Донишкада – Сагид Абдулкаримов, маросими тақдими билетҳои донишҷӯӣ ба донишҷӯёни курси якум баргузор гардид.