3-юми сентябри соли 2024, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бо иштироки муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода ва вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ба ифтихори Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими бошукӯҳи тақдими мукофотҳои давлатӣ ба кормандони Вазорат баргузор гардид.
Ҷаласаро Далер Ҷумъа оғоз намуда, ҳозиринро бахшида ба Ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфт.
Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода кормандонро ба муносибати Ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар фазои тантанавӣ ба Сафарзода Манучеҳр Баҳодур – муовини вазир, Шарифов Гул Ваҳобович – муовини сардори раёсати захираҳои об ва Ҷаборова Мадина Ҷумаевна, котиби илмии Муассисаи давлатии “ТоҷикНИИГиМ” мукофотҳои давлатӣ – медали Хизмати шоиста тақдим карда шуд.