4-уми сентябри соли 2024, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо менеҷери барномаи Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) Силвио Жиру мулоқот намуд.
Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо ҳамкориҳои кунунӣ ва оянда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, изҳори итминон шуд, ки ҳамкориҳо дар оянда низ тавсеа меёбанд.