6-уми сентябри соли 2024, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ ҳамоиши идона бахшида ба Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказӣ ва ниҳодҳои зертобеъ шуруъ гардид.
Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ, ки тантанаи адолати таърихӣ ва нишонаи сарбаландии халқи тоҷик мебошад, самимона шодбош гуфта, иброз дошт: “Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин рӯйдоди таърихӣ, имкон фароҳам кард, ки мардуми мо тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирад”.
– Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон кишвари ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи чаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардидааст. Мусаллам аст, ки обрӯю нуфуз ва мавқеи устувори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ, дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандонаву ҳусни ҳамҷавории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз эътироф кардааст, ки Пешвои миллати тоҷикон ташаббускори шаш иқдоми бузург мебошанд, ки ҳар яки он барои аҳли башар ҳаётан муҳим ба шумор меравад, – таъкид кард Далер Ҷумъа.
Сипас, кормандон доир ба моҳият, ҷойгоҳи бузурги истиқлоли давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик, зарурати ҳифзи он ва аҳамияти дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ баромад намуданд.
Таъкид гашт, ки вазифаи муқаддаси ҳар яки мо аз он иборат аст, ки дар роҳи иҷрои тадбирҳои созанда ба хотири ободии кишварамон ва болоравии сатҳи зиндагии халқамон бояд ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ ва зираку ҳушёр бошем, Ватани худро мисли модарамон ва баробари ҷонамон дӯст дорем, тамоми кӯшишу ғайрат ва қуввату имконияти худро ба хотири ободии он сафарбар намоем.
Дар фароварди ҷамъомади тантанавӣ бо фармоиши вазири энергетика ва захираҳои об ба як қатор корманди соҳаи энергетика, захираҳои об ва нафту газ ифтихорномаи Вазорат тақдим карда шуд.