7-уми сентябри соли 2024, Ваҳдат. – Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) Ҷанг Вон Сам дар доираи нахуст сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зеристогоҳи барқии 110/20/10 кВ-и “Ромит”-и Ҷамоати деҳоти Ромит, ки бо маблағгузории Агентӣ бунёд шуда буд, боздид ба амал овард. Меҳмони воломақомро раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода ва директори генералии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” Мирзо Маҳмудзода истиқбол намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳи мазкур 8 октябри соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд.
Татбиқи лоиҳа имкон фароҳам овард, ки сокинони деҳоти Ромит – деҳаҳои Қоху, Девдара, Новаки Поён, Новаки Боло, Пушандоч, Вистан, Дашти Мазор, Ғусғеф ва Пичеф, дар маҷмуъ 9 деҳа, беш аз 3 100 нафар аввалин бор давоми солҳои тӯлонии истиқомат дар ин мавзеъ ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намоянд.
Сипас, вохӯрӣ бо фаъолони деҳоти Ромит баргузор гардид.
Зимни мулоқот раиси шаҳри Ваҳдат, муовини вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода, директори генералии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” Мирзо Маҳмудзода ва сокинони маҳаллӣ ба Ҷанг Вон Сам барои ҳамкориҳои судманди Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ бо Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.
Ҷанг Вон Сам дар навбати худ иброз дошт, ки дар оянда ин ҳамкориҳо боз њам тавсеа меёбанд.
Ӯ таъкид кард, ки ба наздикӣ корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи “Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ҷамоати деҳоти Ромит” (марҳилаи 2) оғоз мегардад.
Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи ҳамкориҳо бо Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA), 4-уми августи соли 2023 байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) оид ба татбиқи лоиҳаи “Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар ҷамоати деҳоти Ромит” (марҳилаи 2) Протоколи музокирот ба имзо расонида шуд.
Татбиқи лоиҳа, пеш аз ҳама, барои дастрасии 14 деҳа, аз ҷумла, деҳаҳои Лошхарв, Сайёд, Хилмарз, Товиши поён, Лангар, Деҳпир, Сонеҳ, Сорвоғ, Хоҷабӯстон, Варвар, Регак, Хол, Сорбоғи Дарун, Сорбоғи Даҳана бо барқ, инчунин васеъсозии зеристгоҳи барқии 110 кВ-и “Ромит”, зеристгоҳи барқии 35 кВ-и “Явроз” ва пайвастсозии зеристгоҳи барқии 35кВ-и “Явроз” бо зеристгоҳи барқии 110 кВ-и “Ромит” тавассути хатти интиқоли барқи 35 кВ пешбинӣ шудааст.
Дар охир ба меҳмони воломақом аз ҷониби раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.