9-уми сентябри соли 2024, Роштқалъа . – Бахшида ба Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гашт. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ шуруъ шуд.
Шарифа Худобахш, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозирин ва тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ самимона шодбош гуфта, иброз дошт, ки “имсол мардуми шарафманди кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашнро дар фазои амну осоиш ва рифоҳи зиндагӣ таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат, корҳои созандагиву ободонӣ ва бунёди коргоҳҳову иншооти гуногун вусъати тоза касб намуда, дар умум, кишвари мо сол ба сол уфуқҳои нави рушди иқтисодию ичтимоӣ касб менамояд”.
Қайд гардид, ки бо кӯшишҳои дастаҷамъонаи тамоми сокинону фаъолон дар ноҳияи Роштқалъа дар доираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ як қатор корҳои созандаву бунёдкорона роҳандозӣ гардида, сохтмони иншоотҳои маишиву тандурустӣ, инфрасохториву иҷтимоӣ ва дигар иншоотҳои зарурӣ сохта ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда истодаанд, ки ҳамаи ин аз шарофати даврони соҳибистиқлолӣ маншаъ мегиранд.
Таъкид гашт, ки мо бояд ба қадри ин неъмати муқаддастарину азизтарини ҳаётамон – Истиқлоли давлатӣ расем, барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳким бахшем.
Дар идома ба ҳозирин барномаи рангини фарҳангӣ манзур гардид.