Вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ

10-уми августи соли 2024, Душанбе. – Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд.
Соҳаи энергетика ва татбиқи нақшаҳои дуҷониба дар ин самт аз муҳимтарин масъалаи мулоқоти ҷонибҳо ба ҳисоб мерафт.
Таъкид шуд, ки дар замони тағйирёбии иқлим ва гармшавии босуръати ҳаво истеҳсоли энергияи сабз муҳим аст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки аз ҳисоби энергияи сабз дар ҷаҳон мавқеи намунавиро касб менамояд.
Саварзири мамлакат таъкид намуд, ки солҳои охир дар заминаи ҳамгироии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ дар иншооти гидроэнергетикии мамлакат тадбирҳои сохтмониву муҷаҳҳазгардонӣ анҷом дода шуда, дар ин самт корҳо ҷараён доранд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба тақвияти ҳамгироӣ ва афзун намудани ҳаҷми маблағгузорӣ дар соҳаро баррасӣ намуда, ҳавасмандӣ зоҳир карданд.
Дар ин бора АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад.