11-уми сентябри соли 2024, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазир Манучеҳр Сафарзода, сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмурод Маҳмадализода ва роҳбарону намояндагони ниҳодҳои зертобеи Вазорат, ҷаласа оид ба натиҷаи чорабиниҳои аудитории гузарондаи Палатаи ҳисоб баргузор гардид.
Ҷаласаро Манучеҳр Сафарзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки тибқи фармоиши раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастгоҳи марказии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистн ва як қисми сохторҳои тобеи он чорабиниҳои аудиторӣ вобаста ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дурустии банақшагирии истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва нигаҳдории моликияти давлатӣ гузаронда шуд.
Ҳадаф аз ҷамъомад баррасӣ ва муҳокимаи хулосаи Палатаи ҳисоб аз натиҷаи чорабиниҳои аудиторӣ баргузоргашта ва бартараф кардани қоидавайронкуниҳои ошкоршуда арзёбӣ гардид.
Сипас, Маҳмурод Маҳмадализода оид ба риояи қонунгузории кишвар ва самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ тавсияҳои мушаххас манзур намуд. Аз ҷумла, меъёрҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои молиявӣ”, “Дар бораи хариди давлатӣ”, “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои молиявӣ”” шарҳу тавзеҳ дода шуд.