13-уми сентябри соли 2024, Душанбе. – Дар меҳмонхонаи “Ҳаяят Реҷенсӣ” таҳти раёсати муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода Шурои машваратии Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон баргузор шуд.
Зимни якумин ҷаласаи Шуро дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ҷанбаҳои асосии татбиқи лоиҳа, нақшаҳо ва чорабиниҳо, баррасии мушкилоти мавҷуда ва муайян намудани роҳҳои ҳалли самараноки онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар доираи қисмати якуми лоиҳа “Рушди сохтори институтсионалӣ ва таҳкими иқтидори муассисаҳои бахши таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов”, ки ҳамчун Агентии иҷроияи лоиҳа аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқ шуда истодааст.
Имрӯз соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов бо як қатор мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда истодааст ва ҳадафи асосии «Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон» аз таъмин намудани маблағгузорӣ барои рушди инфрасохтор ва дастгирии институтсионалӣ барои беҳтар намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар мебошад. Бахши муҳими Лоиҳа таҳкими иқтидори бахши обтаъминкунӣ, такмили таҳияи сиёсат, равандҳои банақшагирӣ ва танзим ва баланд бардоштани самаранокии амалиётиву молиявии корхонаҳои хизматрасон мебошад, ки бевосита ба беш аз 250 000 сокинони ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ ва Дӯстии вилояти Хатлон манфиат хоҳанд овард.
Дар ҷамъбасти ҷаласа бо мақсади таъмини самаранок ва саривақтии татбиқи Лоиҳа таъсиси се зергурӯҳи корӣ ба нақша гирифта шуд, ки ба ҳайати он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор шомил хоҳанд шуд.