Мулоқот бо вазири энергетикаи Россия

20-уми сентябри 2024, Москва. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетикаи Федератсияи Россия Сергей Сивилёв вохӯрӣ намуд.

Зимни мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, таҳияи стандартҳои соҳавӣ, фаъолияти НБО “Сангтӯда-1” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, вобаста ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, минҷумла, омодагӣ ба ҷаласаи навбатӣ, ки 4-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, табодули афкор сурат гирифт.