ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИЮ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН ТАВСЕА МЕЁБАНД

​23-юми сентябри соли 2024, Теҳрон. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири навтаъини неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиабодӣ мулоқот намуд. Зимнан, бояд гуфт, ки Далер Ҷумъа ва Аббос Алиабодӣ ҳамраисони Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мебошанд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, ҷонибҳо вобаста ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, аҳамияти НБО “Роғун” барои минтақа, лоиҳаи “Азнавпайвастшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ”, лоиҳаи “САSA-100″, инчунин кашондани нафти хом барои эҳтиёҷоти корхонаҳои коркарди нафти Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон, ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Изҳори итминон карда шуд, ки савдои хориҷии миёни кишварҳои ба ҳамдӯст тавсеа ёфта, ба сатҳи нав хоҳад баромад.