25-уми сентябри соли 2024, Теҳрон. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Директори генералии ширкати “Фароб” Муҳаммад Ҳайдарӣ вохӯрд.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба фаъолити НБО “Сангтӯда-2″ муҳокима шуданд.
Зикр гашт, ки андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба кори боэътимоди Неругоҳ бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн ба мақсад мувофиқ мебошад.