ВОХӮРӢ БО ВАЗИРИ НАФТИ ЭРОН

​25-уми сентябри соли 2024, Теҳрон. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вазири навтаъини нафти ин кишвар Муҳсин Покнажод мулоқот намуд.
Дар меҳвари суҳбати ҷонибҳо масоили густариши ҳамкориҳои соҳавӣ, аз ҷумла, ҷалби сармоя ба бахши нафту газ, таҳвили нафти хом аз Эрон ба Тоҷикистон бо пешниҳоди тахфифҳо ва табодули таҷрибаи мутахассисони кишварҳо қарор гирифт.
Инчунин, вобаста ба омӯзиши чоҳҳои нафту газдори Тоҷикистон табодули афкор намуданд.