27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Неругоҳи обии “Роғун” нахуст бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати 4 шинос шуда, бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти иншоот оғоз бахшиданд.
- Ҳамзамон, дар ин рӯз Пешвои миллат бо рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди Неругоҳи обии “Роғун”;
- бо ҷараёни корҳои тозакунии сангу шағал дар сарбанди ҳимоявии рӯди Оби Шӯри Неругоҳи обии “Роғун”;
- бо рафти кор дар нақбҳои обрави агрегатҳои №3 ва №4-и обқабулкунандаи доимӣ дар сатҳи 1152 метр аз сатҳи баҳр;
- аз раванди корҳо дар кони рақами 17-и Неругоҳи обии «Роғун»;
- аз толори мошинҳо;
- аз ҷараёни корҳои насби қубурҳои обрасон дар нақби турбинии мавзеи агрегати рақами 4-и Неругоҳи обии “Роғун” шинос шуданд.