ДАР НБО “ЧАРСЕМ” КОРҲОИ АСОСНОККУНИИ ТЕХНИКӢ-ИҚТИСОДӢ ОҒОЗ МЕГАРДАНД

Вобаста ба асосноккунии техникӣ-иқтисодии Неругоҳи барқи обии “Чарсем” (ноҳияи Шуғнон, ВМКБ) миёни ҶСК “Помир Энерҷӣ” ва ширкати мушовирии “Gruner Stucky” (Швейтсария) шартнома ба имзо расонда шуд (27-уми сентябри соли 2024).
Бояд гуфт, ки НБО “Чарсем” дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт бунёд хоҳад шуд.
НБО “Чарсем” аз ҷиҳати ҷойгиршавии ҷуғрофӣ мавқеи стратегӣ дошта, барои пайвасти минбаъдаи шабакаҳои асосии “Помир Энерҷӣ” ба шабакаи то ҳоло ҷудобудаи ноҳияи Мурғоб замина фароҳам меорад.