2-юми октябри соли 2024, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ноиби президенти Бонки аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба сиёсат ва шарикӣ Марк Бауман вохӯрӣ намуд.
Дар мулоқот ҳамкориҳои кунунӣ ва минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БАТР дар соҳаи энергетика ва захираҳои об баррасӣ гардиданд.
Вазир аз захираҳои бузурги обию энергетикии Тоҷикистон ёдовар шуда, ҳавасмандии ҷониби моро барои тақвияти ҳамкориҳо дар ин бахшҳо баён намуд.
Изҳори итминон гардид, ки дар оянда низ ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои нав тавсеа меёбанд.