03-юми октябри соли 2024, Душанбе. – Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода дар бинои Вазорат бо Мудири кулли умури сиёсии Вазорати федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Австрия Герҳард Зайллерро мулоқот намуд.
Зимни суҳбат маҷмуи масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар бахши энергетика ва захираҳои об матраҳ гардид.
Зикр гашт, ки ширкатҳои австриягии “Voith” дар НБО “Роғун” ва “Andritz” дар НБО “Норак” фаъолият доранд.
Дар фароварди вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати иштироки ширкатҳои австриягӣ дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карданд.