Вохӯрӣ бо намояндаи “РусГидро”

04 октябри соли 2024, Душанбе. – Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода бо Директори ҳамкории байналмилалӣ ва рушди устувори ҶСК “РусГидро”-и Федератсияи Россия Артём Сохикян вохӯрӣ намуд.

Дар мулоқот масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои санҷиши иншоотҳои гидротехникӣ, ҷорӣ намудани системаи иттилоотию ташхисӣ дар иншооти энергетикӣ ва қонунгузории соҳа баррасӣ гардид.