04-уми октябри соли 2024, Душанбе. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон ҳамоиши идона баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ ёфт.
Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об Ҷамшед Шоимзода ҳозиринро бахшида ба ин сана фархунда шодбош гуфта, иброз дошт, ки “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба мақоми волою шоистаи забони давлатӣ ишора карда, нигаҳдошти беолоиши онро мунтазам таъкид менамоянд. Дар ин маврид Сарвари давлат иброз доштаанд: “Бо шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз он иборат аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои инкишофи он саҳм гузорад. Ин забон, ки забони модарии мост, барои мо – тоҷикон чун шири модар муқаддас мебошад”.
Таъкид гардид, ки дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, ки баъзе қавмҳо забонҳояшонро аз даст додаанд , рисолати аҳли ҷомеа, аз ҷумла, мо – кормандони соҳаи энергетика ва захираҳои об инкишоф додани забони тоҷикӣ мебошад.
Дар идома, вобаста ба нақши истиқлоли давлатӣ дар рушди забони давлатӣ ва хидматҳои мондагори Пешвои миллат дар ин самт суханронӣ сурат гирифт.
Гуфта шуд, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи забони давлатӣ далели равшан аст, ки забон дар паноҳи давлат қарор дорад ва ғамхорӣ нисбат ба он аз самтҳои муҳими сиёсати давлат мебошад.