04-уми октябри соли 2024, Душанбе. Зимни ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар баробари дигар масъалаҳо ҳамкориҳо дар соҳаи сӯзишворӣ-энергетикӣ муҳокима гардиданд.
Дар чорабинӣ фаъолияти кунунии ширкатҳои Россия дар Тоҷикистон ва имконияти густариши иштироки онҳо дар лоиҳаҳои коркарди конҳои нафту газ ва лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба фаъолияти корхонаи муштараки ҶСК “НБО Сангтӯда-1” баррасӣ шуданд.