Мулоқот бо муовини ёвари роҳбари Агентии рушди байналмилалии ИМА хонум Анҷали Каур

8-уми октябри соли 2024, Душанбе. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар бинои Вазорат муовини ёвари роҳбари Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) хонум Анҷали Каурро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вобаста ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз ҷумла, USAID, дар соҳаи энергетика ва захираҳои об табодули афкор сурат гирифт.

Вазир аз захираҳои бузурги обию энергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла энергияи “сабз” ёдовар шуда, иброз дошт, ки беш аз 60 дарсади манбаъҳои оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд.

Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди босамар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 

 

1 thought on “Мулоқот бо муовини ёвари роҳбари Агентии рушди байналмилалии ИМА хонум Анҷали Каур

Обсуждение закрыто.