Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъа ва ба истифода додадани бинои Ҷамоати деҳоти Роштақалъа

12 октябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд.

Меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳи муваққатӣ сокинон ва аҳли фарҳанги ноҳия гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар маркази ноҳия нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Ҷамоати деҳоти Роштқалъаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити муҳайёшуда шинос гардиданд.

Бинои Ҷамоат аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда,  дорои 19 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ бо 58 ҷойи нишаст мебошад.

Масоҳати умумии бинои ҷамоат 755 метри мураббаъро ташкил дода, бо маблағи 4 миллиону 728 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Иншооти навбунёд бо  дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои созандагӣ ба истиқболи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дорои шароити мусоиди корӣ мебошад.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро  ба хизмати софдилона ва татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Ҷамоати деҳоти Роштқалъа моҳи сентябри соли 2020 оғоз гарида, аз ҷониби ширкатҳои маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯи талаботи замон сохта шудааст.

Дар иншоот системаи ягонаи гармидиҳӣ мавҷуд буда, дар фасли зимистон ҳуҷраҳои корӣ бо гармӣ таъмин карда мешавад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави ҷамоат сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон боз ҳам беҳтар мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин истифодаи самараноки шароити муҳайёгардидаро таъкид намуда, иброз доштанд, ки бояд иҷрои ҳамаҷонибаи қонунҳои амалкунанда дар меҳвари фаъолияти кормандон қарор дошта бошад ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар сатҳи маҳал боз ҳам хубтар карда шавад.

prezident.tj