Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14-уми октябр зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ иброз доштанд.
Нуктаҳои муҳим аз суханронии Сарвари давлат:
Иқтидори амалкунандаи истеҳсоли неруи барқ дар ҳудуди вилоят 100 фоиз аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолият мекунад. Ин дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим ва дигар мушкилоти экологӣ бисёр муҳим мебошад.
Агар то соли 1991 иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар вилоят ҳамагӣ 10,4 мегаваттро ташкил карда бошад, ин нишондиҳанда соли 2024 ба 47,5 мегаватт расидааст, яъне 4,7 баробар зиёд шудааст. Илова бар ин, Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ то охири соли 2025 дар вилоят боз 22 мегаватт иқтидори навро ба кор дароварда, ҳаҷми умумии онро ба 76,5 мегаватт расонад.
Таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат эълон шуда, дар заминаи амалисозии маҷмуи тадбирҳои мушаххас дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешравиҳои назаррас ба даст омаданд. Бо ин мақсад дар ин давра ба соҳаи энергетикаи вилоят дар маҷмуъ, беш аз 3,4 миллиард сомонӣ маблағ равона гардид.
То имрӯз дар вилоят 73 лоиҳаи хурду миёна ба маблағи умумии 1,7 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло корҳо дар доираи 11 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ идома доранд. Дар натиҷаи амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ҳудуди вилоят 31 мегаватт иқтидори нави истеҳсоли неруи барқ бунёд гардида, иқтидори мавҷуда дар ҳаҷми 14 мегаватт таҷдиду навсозӣ карда шуд.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамагӣ 13 фоизи муштариёни вилоят ба барқи 12-соата дар як шабонарӯз дастрасӣ доштанд. Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида аз соли 2016 инҷониб вазъи барқтаъминкунӣ дар вилоят беҳтар гардида, ба 98 фоиз расонида шуд. Яъне аз соли 2016 инҷониб, ба истиснои қисми муштариёни водии Бартанг ва қисми муштариёни ноҳияи Мурғоб тамоми аҳолии вилоят шабонарӯзӣ бо неруи барқ таъмин гардидаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 217 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 110-киловолта, 16 зеристгоҳи барқӣ, 289 километр хатҳои интиқоли барқи 35-киловолта ва беш аз 560 километр хатҳои нави барқии иқтидорашон хурд сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.
Дар ҳудуди вилоят сохтмони боз 135 километр хатҳои интиқоли барқ ба нақша гирифта шудааст, ки дар ояндаи наздик барои устувории низоми энергетикии вилоят ва кишвар истифода мегарданд.
Инчунин, дар доираи татбиқи лоиҳаи электрификатсияи деҳоти Тоҷикистон ба маблағи 400 миллион сомонӣ 27 деҳа тавассути бунёди шабакаҳо бо неруи барқ таъмин гардида, дар 13 деҳа бунёди неругоҳҳои хурди барқи обӣ ва дар 22 деҳа неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ пешбинӣ гардидааст.
Баъди амалӣ гардидани ин лоиҳа таъминоти барқ дар вилоят ба 100 фоиз расонида мешавад.
Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ҷамъияти саҳҳомии «Помир Энерҷи» ва роҳбарияти вилоят бояд ҳамкориро бо шарикони рушд ва сармоягузорон ҷиҳати иҷрои лоиҳаҳо ва бунёди неругоҳҳои барқи обии хурд, аз ҷумла неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ тақвият бахшанд.