16-уми октябри соли 2024, Ашхобод. – Ҷаласаи сенздаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи Комиссия таҳти Раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон – Атахаллиев Тангригулӣ Режепгулиевич доир шуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, такон бахшидан ба муомилоти ду кишвар, рушди робитаҳо дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва захираҳои об, саноату сохтмон, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, саноати тиббӣ, авиатсияи гражданӣ, рушди ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ, ҷавонон ва варзиш, инчунин тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавии муносибатҳои тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷаласа дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, изҳори итминон карда шуд, ки тарафҳо ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангиро тавсеа мебахшанд.
Дар натиҷа, Протоколи ҷаласаи сенздаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба имзо расонда шуд.