16-уми октябри соли 2024, Ҳисор. – Имрӯз дар Осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” таҳти раёсати муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода ҷаласаи сеюми корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика” (дар таҳрири нав), ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ шудааст, баргузор гардид. Дар кори он намояндагон аз раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок варзиданд.
Ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи Қонун ин пурра ба танзим даровардани муносибатҳои муосир дар соҳаи энергетика, махсусан, низомии биллингӣ дар шабакаҳои барқии кишвар мебошад. Дар ин замина, таҳияи санадҳои меъёрии зерқонунӣ, ки қисмати техникии соҳаро низ ба танзим медарад, дар назар аст.
Ҳамзамон, аз ҷониби Гурӯҳи корӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика” (дар таҳрири нав) бо мақсади пурра ба танзим даровардани бозори энергетикии кишвар бо дарназардошти таъсис ёфтани ширкатҳои энергетикӣ дар самти истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ таҳия карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи сеюми корӣ давоми се рӯз идома меёбад.