17-уми октябри соли 2024, Душанбе. – Дар бинои ҶСК “Барқи Тоҷик” бахшида ба Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” ҳамоиши ҷавонони соҳаи энергетика баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Хадамоти давлатии назорати энергетикӣ, ҶСК “Барқи тоҷик”, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”, ҶСК “Шабакаҳои тақимоти барқ” ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, ҷавонон аз намоиши дастовардҳои соҳа боздид ба амал оварданд.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Дилошӯб Розиқзода, сардори раёсати рушди иҷтимоии ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баромад намуда, доир ба нақш ва аҳмияти истиқлоли давлатӣ дар рушди кишвар андеша ронда, таъкид кард, дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ ҳифзи ин неъмати бебаҳо аз ҳар вақти дигар муҳим мебошад.
Сипас, Мақсуд Саломзода, муовини сардори раёсати электроэнергетикаи Вазорат, зимни суханронӣ иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, амалӣ гардонидани тадбирҳои заруриро ба хотири дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо то ба имрӯз идома дода истодааст.
Ӯ вобаста ба дастовардҳои соҳаи энергетика дар даврони истиқлоли давлатӣ ибрози назар намуда, рушди энергетика муҳаррики иқтисодиёти мамлакат, омили ғанӣ гардидани буҷети кишвар ва тавсеабахши соҳаи саноат арзёбӣ намуд.
Дар идома, Қурбон Аҳмадзода, сардори маркази матбуоти ҶСК “Барқи Тоҷик” дар мавзуи “Истиқлол ва рушди энергетика” маъруза намуд.
Дар фароварди чорабинӣ ба як қатор ҷавонон барои саҳми арзанда дар рушди соҳа сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва вазиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуд.