22-юми октябри соли 2024, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараи Вазорат дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои энергетика, захираҳои об ва нафту газ дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2024 баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома, дар ҷаласа ду масъала: натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои энергетика, захираҳои об ва нафту газ дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2024 ва рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» баррасӣ шуд.
Нахуст, муовини вазир Шарифа Худобахш, вобаста ба масъалаи якум ахборот манзур намуд.
Пас аз анҷоми ҳисобот, як қатор масъалаҳои ҷойдошта дар самти фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика, захираҳои об ва нафту газ муҳокима гаштанд.
Дар баррасии масъалаи дуюми рӯзнома, ҳисоботи Қурбоналӣ Хайруллозода, сардори раёсати электроэнергетикаи Вазорат шунида шуд. Баъд аз суханронӣ, доир ба омодагии иншоотҳои энергетикӣ, марказҳои барқу гармидиҳӣ ба давраи тирамоҳу зимистон табодули афкор сурат гирифт.
Дастур дода шуд, ки фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар ин давра таъмин карда шавад.
Дар фароварди ҷаласа, аз ҷониби Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимагашта қабул гардиданд.