25-уми октябри соли 2024, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон ҷиҳати омодасозии кадрҳо дар зинаҳои магистратура ва докторантура дар донишгоҳҳои Ҷопон мулоқот бо хизматчиёни давлатии соҳаи энергетика ва захираҳои об баргузор гардид.
Дар чорабинӣ вобаста ба лоиҳа, аз ҷумла интихоби номзадҳо, тарзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, рӯнамо манзур гардид.
Ҳадаф аз вохӯрӣ ҷалби бештари довталабон ва интихоби номзадҳои болаёқат аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ арзёбӣ гардид.