Дар Душанбе семинари минтақавӣ оид ба баланд бардоштани устуворӣ ва ҷолибияти сармоягузории лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ оғоз шуд

 29-уми октябри соли 2024, Душанбе. – Дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”  семинари минтақавӣ таҳти унвони “Баланд бардоштани устуворӣ ва ҷолибияти сармоягузории лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ бо истифода аз Стандарти устувории гидроэнергетикӣ” шуруъ гардид.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ Наим Раҳимзода, сардори  раёсати сармоягузории Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромад намуда, чунин иброз дошт: “Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳар як кишвар стратегияҳоеро қабул кардаанд, ки тибқи он давлатҳо тадриҷан ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия гузаранд ё ҳадди ақал саҳми манобеи барқароршавандаи энергияро дар тавозуни умумии энергетикӣ афзоиш диҳанд”.

– Дар Тоҷикистон вазъият дигар аст. Зиёда аз 95 фоизи неруи барқ дар ҷумҳурии мо дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергетикӣ буда, иқтидори солонаи он 527 млрд. кВт*соатро ташкил медиҳад, ки аз иқтидори гидроэнергетикии минтақа (400 млрд. кВт*соат), зиёдтар буда, то имрӯз, аз ин ҳаҷм танҳо тақрибан 5 фоиз азхуд карда шудааст. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон фаъолона тавсеаи минбаъдаи истифодаи энергияи барқароршавандаро, аз ҷумла аз ҳисоби дигар манбаъҳои энергияро пеш мебарад, – гуфт дар идомаи суханронӣ Наим Раҳимзода.

Дар идома намояндагони ҶСК “ТАУЗ Гидро”, ҶСК “Памир Энерҷӣ”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, Дафтари ҳамкорињои Швейтсария дар Тоҷикистон ва Иттифоқи гидроэнергетикаи устувор (HAS) суханронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи гидроэнергетикаи устувор, ҶСК “ТАУЗ Гидро”, ҶСК “Памир Энерҷӣ”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва бо дастгирии котиботи Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) ташкил карда шуда, давоми ду рӯз (29-30-юми октябр) идома меёбад.