БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲО БО БОНКИ ОЛМОНИИ РУШД

29-уми октябри соли 2024, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо менеҷери минтақавии Бонки олмонии рушд (KfW) оид ба давлатҳои Қафқоз, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Йонас Ратфелдер ва роҳбари намояндагии Бонки мазкур дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер вохӯрӣ намуданд.

Дар суҳбати ҷонибҳо вобаста ба ҳамкории самараноки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки олмонии рушд мубодилаи афкор сурат гирифт.

Зикр гардид, ки имрӯз бо маблағгузории Бонки мазкур дар кишвар бунёди НБО “Себзор” бо маром ҷараён дорад.

Ҳамзамон, имкониятҳои табиии кишвар барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ва неругоҳҳои офтобӣ муаррифӣ гардид.