31-уми октябри соли 2024, Душанбе. – Таҳти ин унвон дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравии Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Шарифа Худобахш, муовини вазири энергетика ва захираҳои об ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.
Дар ҷаласа аз ҷониби сардори раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои об Хайруллозода Қурбоналӣ дар мавзуъҳои “Вазъи системаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Муаррифии барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия” ва Одина Одинаев, мушовири миллии Барномаи рушди СММ дар мавзуи “Арзёбии сиёсати иқтисодӣ ҷиҳати беҳтар намудани идоракунӣ” рӯнамоҳо манзур шуданд.
Пас аз ҳар баромад миёни иштирокдорон муҳокимаронӣ сурат гирифта, таклифу пешниҳодҳо манзур гаштанд.