
2-юми ноябри соли 2024, Ишкошим, ВМКБ. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тосихиро Аики ҷиҳати боздид аз Неругоҳи барқи обии «Намангут» ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуданд.

Неругоҳи мазкур аз нигоҳи иқтидор сеюм неругоҳи калони ВМКБ ба ҳисоб меравад.
Ҳадафи сафар ба ин минтақа ҷалби бештари сармоя барои рушди устувори соҳаи энергетика, махсусан таъмин намудани сокинони дурдасти мамлакат бо неруи барқ арзёбӣ мегардад.