ШИНОСОӢ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР НБО “СЕБЗОР”

3-юми ноябри соли 2024, Роштқалъа, ВМКБ. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ бо Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тосихиро Аики аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО “Себзор” дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳо тибқи реҷаи муқарраршуда ҷараён доранд. Айни замон, аз ҷониби коргарону мутахассисони ватанӣ корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, дарвозаҳои обпарто, иншооти обтозакунӣ, толори мошинҳо ва дигар қитъаҳои иншоот идома дорад.
Неругоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд бунёд гардида, пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани 3 агрегат, он бо иқтидори лоиҳавии 11 МВт фаъолият хоҳад кард.
Бо бунёди НБО “Себзор” иқтидори умумии ширкати “Помир энерҷӣ” 25 фоиз баланд гардида, эътимоднокӣ ва сатҳи таъминоти барқ ба 220 ҳазор нафар аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳтару хубтар хоҳад шуд.
Дар доираи барномаҳои иҷтимоии лоиҳаи сохтмони неругоҳи обии “Себзор” то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуда, мумфаршнамоӣ ва чароғонкунии 4 километр роҳи мошингард, инчунин бунёди як мактаби замонавӣ дар ноҳияи Роштқалъа ба нақша гирифта шудааст.