Ҷаласаи 87-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода дар ҷаласаи 87-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ, ки 6-уми ноябри соли 2024 дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашхобод баргузор гардид, иштирок намуд. Дар кори он, ҳамзамон раиси Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон Дурди Генҷийев, вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев ва вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Қазоқистон Нуржигитов Нуржан ширкат доштанд.

Вохӯрӣ дар фазои дустӣ ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба натиҷаҳои обгирӣ дар давраи нашъунамои соли 2024, меъёрҳои обгирӣ ва реҷаи кории силсилаобанборҳо дар давраи ғайринашъунамои солҳои 2024-2025 дар ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Аму, иҷрои пешниҳодҳо ва ташаббусҳои Сарони давлатҳои таъсисдиҳандаи Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА), ки дар саммитҳои Сарони давлатҳои таъсисдиҳандаи ФБНА баён гардида буданд ва дигар масъалаҳои марбут ба он баррасӣ гардиданд.

Аз натиҷаи ҷаласа Протокол ба имзо расид.