Иштирок дар 23-юмин Конфронси вазирони кишварҳои аъзои Барномаи CAREC

7-уми ноябри соли 2024, Остона (Қазоқистон). – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар 23-юмин Конфронси вазирони кишварҳои аъзои Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) иштирок ва суханронӣ намуданд.

Далер Ҷумъа дар ҷаласаи пленарии Конфронс таҳти унвони «Декарбонизатсия ва мусоидат ба амнияти энергетикии минтақавӣ дар минтақаи CAREC» иброз дошт, ки «НБО «Роғун» яке аз калонтарин неругоҳҳои барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб рафта, то имрӯз ду агрегати ба истифода додашуда, аллакай зиёда аз 7,5 млрд.кВт соат неруи барқ истеҳсол кардааст. НБО «Роғун» дар оянда на танҳо амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд, балки дар афзоиши ҳаҷми содирот ба кишварҳои ҳамсоя низ саҳм хоҳад гузошт. Бояд қайд кард, ки 70% ҳаҷми истеҳсолшуда (тақрибан 10 млрд.кВт. соат) барои пӯшонидани талаботи афзоянда ба кишварҳои минтақа содир карда  мешавад».

Таъкид гардид, ки афзоиши ҳиссаи энергияи барқароршаванда, ба монанди гидроэнергетика, ба коҳиши партовҳои карбон ва таъсири экологӣ мусоидат мекунад ва аҳамияти он дар шароити тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ хеле муҳим дониста мешавад.

Дар конфронс, инчунин, масъалаҳои марбут ба рушди устувори давлатҳои аъзои Барномаи CAREC, ҳамгироии иқтисодӣ дар минтақа ва дигар мавзуъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.